Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.

Айни ҳол дар донишнома 95,477 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Тоҷикистон
Санъат
Таърих
Адабиёт

Илм
Ҷуғрофия
Зиндагинома
Ислом

Варзиш
Техника
Математика
Ҳама порталҳо

Эҷоди мақола (тавассути ёрирасон) Роҳнамо Феҳристи Википедияҳо Википедия дар расонаҳо

Мақолаи баргузида

Religious Ceremonies and Customs of Tajiks. Interior of the Mosque of Kok Gumbaz in Ura Tiube WDL10861.png

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форс. زکریای رازی‎) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд. Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт, фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст. Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.

(бештар...)

Мақолаи хуб

Манзараи умумии шаҳри Ваҳдат

Ваҳдат — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 17 сентябри соли 1927 таъсис ёфтааст; то апрели 1936 Янгибозор, то 25.12.1991 Орҷоникидзеобод, то 07.04.2003 Кофарниҳон ном дошт. 07.04.2003 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдат номгузорӣ шуд.

Ваҳдат дорои 10 ҷамоати деҳот (Баҳор, ба номи Абдулло Абдулвосиев (собиқ Кофарниҳон), ба номи Раҷаб Исмоилов (собиқ Худойқул), ба номи Карим Исмоилов (собиқ Эскигузар ва Дӯстӣ), ба номи Бозорбой Бурунов (собиқ Янгибозор), Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ (собиқ Туғмазор), Чӯянгарон, Гулистон (собиқ Қаросу) ва ҷамоати шаҳрак (ба номи Нуъмон Розиқ) мебошад.

Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) таърихи 1500-сола дошта, ба ҳайати давлати Чағониён тааллуқ доштааст. Дар асрҳои 6–7 водии Кофарниҳон, ки Ваҳдат низ вобастаи он буд, дар ҳайати давлати Кушониён ва Ҳайтолиён буд. Дар асрҳои 9–10 ин мавзеъ ба ихтиёри давлати Сомониён гузашт. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар деҳаҳои Ваҳдат Қалъаи Шодмон (Симиганҷ), Қалъаи Ромит (Ромит), Чилтан (Чиртак), Андигон, марқади Холбойқара, Дашти Бед (ҷамоати деҳоти Абдулвосиев), Кӯҳи Ширбибӣ ва Қалъаи Тоҳир (ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов) кашф шудаанд. Дар маъхазҳои таърихӣ («Авесто»,«Ҳудуду-л-олам») оид ба шаҳрҳои Андигон ва Кофиёни водии Кофарниҳон, ки мавҷудияташон ба асрҳои 3–7 рост меояд, маълумот дода шудааст.

(Бештар…)

Феҳристҳо ва порталҳои баргузида

Феҳристи баргузидаи охирин:
State Emblem of the Soviet Union.svg
Феҳристи орденҳои ИҶШС
Феҳристи баргузидаи қаблӣ:
Ruddy-turnstone-icon.png
Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи Тоҷикистон

Нигораи рӯз

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Ҳамчунин нигаред

Футболбозони машҳури ҷаҳон:



Рӯйдодҳои ҷорӣ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
  • 20 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.[1].
  • 14 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.[2].
  • 5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.[3].
  • 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» иштирок намуданд.[4].
  • 17 августи соли 2018 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом пазируфт.[5].
  • 27 июли соли 2018 Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, хонандагони Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Русия, Малайзия, Булғористон, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд, сазовори 201 медал (47 тилло, 71 нуқра ва 83 биринҷӣ) гардиданд.[6].
  • 30 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кории худ ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд санги аввалини навбатиро ба пойдевори сохтмони бузургтарин ширкати тиллоковӣ «Талко Голд», ки 50% — и он ба Чиниҳо мутааллиқ аст гузошт. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми истеҳсоли тилло дар аввали соли 2020 дар ширкати мазкур 1,5 тонна ва истеҳсоли сурма 16 тоннаро ташкил хоҳад кард.[7].
  • 27 июни соли 2018 Дар ш. Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.[8].
  • 27 июни соли 2018 Дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.[9].
  • 27 июни соли 2018 Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Имсол шаҳри Конибодом ҷашнгоҳи асосии ваҳдатсарои ҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст.[10].
  • 27 июни соли 2018 Нашриёти «Истеъдод» дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро аз чоп баровард. Ин ҷилди 29-уми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад, ки аз соли 2004 инҷониб ба нашр мерасад.[11].


Эзоҳ

  1. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”. prezident.tj (20 сентябри 2018). 20 сентябри 2018 санҷида шуд.
  2. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. prezident.tj (14 сентябри 2018). 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
  3. Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе. prezident.tj (5 сентябри 2018). 5 сентябри 2018 санҷида шуд.
  4. Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (28 августи 2018). 28 августи 2018 санҷида шуд.
  5. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. prezident.tj (17 августи 2018). 17 августи 2018 санҷида шуд.
  6. ТОҶИКИСТОН: 201 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. tj.habarho.com (27 июли 2018). 27 июли 2018 санҷида шуд.
  7. Чин боз як кони навбатиро дар Тоҷикистон ба даст овард. tj.habarho.com (30 июни 2018). 30 июни 2018 санҷида шуд.
  8. Ифтитоҳи қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар”. president.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.
  9. Ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак. president.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.
  10. КОНИБОДОМ-ҶАШНГОҲИ АСОСИИ РӮЗИ ВАҲДАТ -2018. khovar.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.
  11. «ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ»-китобе саршор аз ифтихороти миллӣ. khovar.tj (27 июни 2018). 27 июни 2018 санҷида шуд.

Ҳамкориҳои ҳафта

Лоиҳаҳои марбут

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Забонҳои Википедия

Сафоратхона / Embassy Бунёди Викимедиа Тамос Дигар фаслҳои забонӣ